Тоҷики - Sorah Al-Masad ( The Palm Fibre )

Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Masad ( The Palm Fibre )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Verses Number 5
تَبَّتْ يَدَا أَبِي لَهَبٍ وَتَبَّ ( 1 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 1
Дастҳои Абулаҳаб бурида бод ва ҳалок бар ӯ бод.
مَا أَغْنَىٰ عَنْهُ مَالُهُ وَمَا كَسَبَ ( 2 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 2
Моли ӯ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ҳолаш суд накард.
سَيَصْلَىٰ نَارًا ذَاتَ لَهَبٍ ( 3 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 3
Ба зудӣ ба оташе шӯълавар дарояд
وَامْرَأَتُهُ حَمَّالَةَ الْحَطَبِ ( 4 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 4
ва занаш ҳезумкаш аст
فِي جِيدِهَا حَبْلٌ مِّن مَّسَدٍ ( 5 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 5
ва бар гардан ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад.

Random Books

  • Имон овардан ба улуҳияти ХудоМаънои имон овардан ба улуҳияти Худованд: Имон овардан ба улуҳияти Худо Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда: (وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم) «Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)

    Reveiwers : Билолуддин Бадруддин

    From issues : http://www.firdavsi.com

    Source : http://www.islamhouse.com/p/260232

    Download :Имон овардан ба улуҳияти ХудоИмон овардан ба улуҳияти Худо

  • ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМЗакот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/326724

    Download :ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМ

  • Занҳои тавба кунандаХоҳари мусулмон! Оё чунин нест, ки ҳар яки мо гуноҳу хатоҳои зиёд дорем? Оре! Локин оё ҳамаи ин моро аз раҳмати беканори илоҳи ноумед месозад? Оё гуноҳон моро аз мағфирати васеъи Парвардигори ғафур маъюс мегардонад? Хоҳари мусалмон, ба ин ҳадиси қудси бингар, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:

    Formation : Маҷди Фатҳи Ас-Сайд

    Translators : Муҳаммад Шарифи Одина

    Source : http://www.islamhouse.com/p/383802

    Download :Занҳои тавба кунандаЗанҳои тавба кунанда

  • ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢСипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Source : http://www.islamhouse.com/p/328848

    Download :ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

  • Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/324359

    Download :Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?

Choose language

Choose Sorah

Random Books

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share