Noble Quran » Тоҷики » Books » Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу
Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу
Cухани мо дар атрофи шахсе аст ки офтоб ба касе беҳтар аз У баъди Паёмбарон натобидааст. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки имони уро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд имони у бар имони тамоми уммат ғолиб (вазнинтар) омад. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз у пурсида шуд оё барои аҳлу оилаат чизе боқи мондаи? Дар ҷавоб гуфт: барои аҳлу оилаам Худову Паёмбарашро мондам. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки у кист.Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/204698
Random Books
- Паноҳгоҳи мусалмон: Азкор ва дуъоҳое аз Қуръон ва Аҳодиси набавиПаноҳгоҳи мусалмон: Нависандаи ин китоб шайх Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳаф ал-Қаҳтонӣ –Худованд дар ҳифзи худаш нигоҳаш дорад- мебошад, яке аз беҳтарин китобҳои зикрҳои рӯзу шаб дар ҳаёти мусалмон ба ҳисоб меравад, ва бо фазли Худованд ин китоб ба бисёре аз забонҳо тарҷума шудааст, ва кушиш кардем ки ҳамаи ин тарҷумаҳоро дар як саҳифа ҷамъ биоварем, ва зери назорат ва роҳбарии муаллиф забонҳои боқимондаро тарҷума кунем.
Formation : Саъид ибни Али ибни Ваҳб Ал-Қаҳтони
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385690
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоИн китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Reveiwers : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/294967
- Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/293044
- Умари Форуқ - разияллоҳу анҳу -Беҳтарини Саҳобагон, балки беҳтарини фарзандони одам, баъди Паёмбарону баъди Абубакр, ва маҳбубтарини саҳобаҳо ба Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- баъди Абубакр. Ин мард касе аст, ки ҳама вақт дар баробари гирифтани номаш, лақаби шучоъу ҳақпарасту одил ҳамроҳ карда мешавад, балки ҳар кучо ки номи У гирифта мешавад, ҳар сифати хубе ки дар баробарии номаш ҳамроҳ карда мешуд мувофиқ меомад, мисли, парҳезгор, зоҳид, хоксор, ва бисёр гирякунанда аз тарси Худо, ин чунин бисёр донову бо фаросат ва дурандеш ва душмани ҳавову ҳавас буд, ҳамай ин сифатҳое буданд ки номи ин шахс онҳоро дар бар мегирад. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки он кист.
Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/208454
- ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМКитоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/369120












