Noble Quran » Тоҷики » Books » Насиҳати ман барои ҳар шиъа
Насиҳати ман барои ҳар шиъа
Муаллиф мегуяд: Ман дар ҳақиқат перомуни шиъаёни аҳли байт чизе намедонистам магар ин, ки онҳо гуруҳе аз мусалмононад, ки дар муҳаббати аҳли байти Пайғамбари Худо ғулув (аз ҳад гузаронидан) ва зиёдаравӣ мекунанд ва онҳоро нусрат медиҳан, ва низ аҳли суннат ва ҷамоатро дар баъзе масалаҳои ҷузъии шариат бо таъвилҳои дур ё наздик мухолифат мекунанд. Аз ин ру вақте, ки баъзе аз бародарон онҳоро фосиқ ва ё гоҳе аз доираи Ислом берун ҳукм мекарданд, банда аз ин кор хеле хашмгин ва нороҳат мешудам. Аммо ин кор дер давом накард, ки яке аз бародарон ба ман тавсия кард, ки ман яке аз китобҳои муътабари ин ҷамоатро мутолиъа кунам то ин, ки ҳукми дурустро дар бораи ин мазҳаб ба даст орам. Ва ман китоби "Ал-Кофи"- ро ихтиёр кардам зеро, ки ин китоб такягоҳи ин тоифа дар исботи мазҳабаш мебошад. Ман ин китобро мутолиъа кардам ва аз он ба як чанд ҳақоиқи илмие дастраси пайдо кардам, ки манро ба узр хостан аз он нафаре, ки шафқати маро ба ин тоифа хато меҳисобид, водор сохт ва дигар худамро аз он дидгоҳе ки қаблан нисбати ин мазҳаб доштам, маъзур донистам. Майлу хоҳишам маро аз он мудорое ки ба умеди аз байн бурдани баъзе аз тундравиҳое, ки байни аҳли суннат ва ин тоифа ба ислом нисбат дода шуда буд, боздошт. Инак ман он ҳақоиқеро, ки аз муҳимтарин ва маътабартарин китобҳои ин мазҳаб ба даст овардаам, мавриди баҳс қарор медиҳам. Аммо аз ҳар шиъа мехоҳам, ки дар атрофи ин ҳақиқатҳои илми бо ихлос ва инсоф андеша карда, худ ҳукми саҳиҳро дар бораи ин мазҳабаш бибарорад.Formation : أبو بكر جابر الجزائري
Source : http://www.islamhouse.com/p/208449
Random Books
- Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)Ақидаи ҳар мусалмон: Китобчаест ки 54 саволу ҷавобро дар мавзуи ақида дар бар мегирад, нависанда ба ин саволҳо аз Қурону Ҳадис ҷавоб медиҳад, зеро ин ки ақидаи тавҳид ин саъодату хушбахтии инсон дар дунё ва охират аст.
Formation : Муҳаммад Ҷамил Зайну
Source : http://www.islamhouse.com/p/309809
- Ақвол ва аъмоле, ки барои онҳо подош ва аҷр таъйин шуда астДар ин мақола баъзе аз ақвол ва аъмоле ки барои иҷро кардани он аҷру подош аст, бо далелҳо аз ҳадисҳои паёмбар баён карда шудааст.
Formation : Гуруҳе аз Олимон
Source : http://www.islamhouse.com/p/339054
- Асосҳои сегонаЭй бародари азиз Аллоҳ таъоло туро мавриди лутфу ризвонаш қарор диҳад. Яқин бидон бар ҳар як мусалмон ва мусалмон зан лозим аст, ки се масъаларо ба яқин бидонад ва ба муқтазои онҳо амал кунад. Ва ин китобча ин се амалро барои шумо баён мекунад.
Formation : محمد بن عبد الوهاب
From issues : Сомонаи Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара
Source : http://www.islamhouse.com/p/465
- Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324359
- Гавҳари барчида аз маҳосини дини ИсломИн рисола баёнгари баъзе аз маҳосини дини мубини Ислом мебошад.
Formation : Абдурраҳмон ибни Носир Ассаъди
Source : http://www.islamhouse.com/p/228542












