Noble Quran » Тоҷики » Books » ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

  • ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

    Сипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Source : http://www.islamhouse.com/p/328848

    Download :ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

Random Books

  • ТавҳидИн китоб дарбаргирандаи фанни тавҳид буда, барои шогирдони мадориси ибтидои муқаррар шудааст. Дар он муҳимтарин мавзўъҳои тавҳид бо услуби кутоҳ ва равшан баён гардидааст. Китоби мазкур муҳимтарин масоили тавҳид ва яктопарастиро фаро гирифта, дорои фавоиди гаронбаҳои тарбияви ва ахлоқист.

    Formation : عبد العزيز بن محمد آل عبد اللطيف

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    From issues : Муассисаи Вақфи Исломи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/212764

    Download :Тавҳид

  • Моҳи рамазон, истиқбол ва зинда доштани шабҳои онЧигуна аз моҳи рамазон истиқбол бигирем, шабҳои ин моҳи бузургро чигуна шабзиндадори кунем, аснофи мардум дар ин моҳ чигунаанд, ва дигар мавзуҳои алоқаманд ба рамазон, соҳиби китоб барои хонандагон ҷавоби ин пурсишҳоро тақдим намудааст.

    Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/357423

    Download :Моҳи рамазон, истиқбол ва зинда доштани шабҳои он

  • Насиҳати ман барои ҳар шиъаМуаллиф мегуяд: Ман дар ҳақиқат перомуни шиъаёни аҳли байт чизе намедонистам магар ин, ки онҳо гуруҳе аз мусалмононад, ки дар муҳаббати аҳли байти Пайғамбари Худо ғулув (аз ҳад гузаронидан) ва зиёдаравӣ мекунанд ва онҳоро нусрат медиҳан, ва низ аҳли суннат ва ҷамоатро дар баъзе масалаҳои ҷузъии шариат бо таъвилҳои дур ё наздик мухолифат мекунанд. Аз ин ру вақте, ки баъзе аз бародарон онҳоро фосиқ ва ё гоҳе аз доираи Ислом берун ҳукм мекарданд, банда аз ин кор хеле хашмгин ва нороҳат мешудам. Аммо ин кор дер давом накард, ки яке аз бародарон ба ман тавсия кард, ки ман яке аз китобҳои муътабари ин ҷамоатро мутолиъа кунам то ин, ки ҳукми дурустро дар бораи ин мазҳаб ба даст орам. Ва ман китоби "Ал-Кофи"- ро ихтиёр кардам зеро, ки ин китоб такягоҳи ин тоифа дар исботи мазҳабаш мебошад. Ман ин китобро мутолиъа кардам ва аз он ба як чанд ҳақоиқи илмие дастраси пайдо кардам, ки манро ба узр хостан аз он нафаре, ки шафқати маро ба ин тоифа хато меҳисобид, водор сохт ва дигар худамро аз он дидгоҳе ки қаблан нисбати ин мазҳаб доштам, маъзур донистам. Майлу хоҳишам маро аз он мудорое ки ба умеди аз байн бурдани баъзе аз тундравиҳое, ки байни аҳли суннат ва ин тоифа ба ислом нисбат дода шуда буд, боздошт. Инак ман он ҳақоиқеро, ки аз муҳимтарин ва маътабартарин китобҳои ин мазҳаб ба даст овардаам, мавриди баҳс қарор медиҳам. Аммо аз ҳар шиъа мехоҳам, ки дар атрофи ин ҳақиқатҳои илми бо ихлос ва инсоф андеша карда, худ ҳукми саҳиҳро дар бораи ин мазҳабаш бибарорад.

    Formation : أبو بكر جابر الجزائري

    Source : http://www.islamhouse.com/p/208449

    Download :Насиҳати ман барои ҳар шиъаНасиҳати ман барои ҳар шиъа

  • Шиносоии мучаз бо ИсломШиносоии мучаз бо Ислом: Шиносоии мучаз бо дини мубини ислом, ва тамоми он чанбаҳои ҳаёт ки ин дин дар бар мегирад баён мекунад, ва ин чунин баёнгари рукнҳои шашгонаи дини мубини ислом.

    Formation : Маркази таҳқиқоти илми, Донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара

    From issues : Сомонаи Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара

    Source : http://www.islamhouse.com/p/461

    Download :Шиносоии мучаз бо ИсломШиносоии мучаз бо Ислом

  • Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатИн рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.

    Formation : Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/228544

    Download :Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатАқидаи аҳли суннат ва ҷамоат