Noble Quran » Тоҷики
Random Books
- Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ… Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321610
- ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
Formation : Холид Абу Солиҳ
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329655
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324365
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи шарифи РамазонМоҳи рамазон моҳи бузург ва пурбаракате аст ва ин моҳ соҳиби одоб ва хосиятҳое аст ки дар дигар моҳҳо вуҷуд надорад, муаллифи ин китобча одоб ва хусусиятҳои ин моҳи муборакро барои хонанда баён намудааст.
Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/357421
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоИн китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Reveiwers : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/294967












